Тӯлонӣ шудани ҷанг алайҳи Навори Ғазза, ки ҳоло дар сиёсати ҷадид ба Каронаи Бохтарӣ низ кашида шудааст сабаб шуда, ки ин режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ҳавзаи иқтисодӣ бо ҳолати изтирорӣ рӯбарӯ шавад ва гирифтори мушкилоти зиёди иқтисодӣ шавад.
Коршиносон ва расонаҳои байналмилалӣ матраҳ мекунанд бо афзоиши танишҳоӣ ва тақозои физояндаи энержӣ, режими саҳюнистӣ дар остонаи як буҳрони энергия қарор дорад. Ин буҳрон метавонад ба коҳиши сармоягузориҳои хориҷӣ ва ихтилол дар фаъолиятҳои иқтисодӣ мунҷар шавад ва дар айни ҳол, таҳдиде барои омодагии низомии он ба ҳисоб ояд.
Нашрияи Едиот Аҳаронот вазъияти иқтисоди Исроилро як пеш аз фалокат тавсиф кардааст. Қарзи умумии режими саҳюнистӣ ба тавлиди нохолси миллӣ ба остонаи 70 дарсад расидааст.
Барои раиси банки марказӣ ва дигар масъулони иқтисодии ин режим роҳе ҷуз ҳушдор додан нисбат ба итмоми вақт ва зарурати иҷрои тадобири фаврӣ боқӣ намондааст. Аммо аз сӯи дигар Нетаняҳу бо таваҷҷуҳ ба ин ки натанҳо ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ аз ҷумла нобудии ҷунбиши исломии Ҳамос наздик ҳам нашуда ва ҳоло зарботи сахттаре хӯрда ва дар тангнои кушта шудани 6 асири саҳюнистӣ ҳам қарор гирифта, қатъан ба итмоми ҷанг бо ин шароит тан намедиҳад.
Аз сӯи дигар Яман низ бо мутаваққиф кардани киштиҳои режими саҳюнистӣ зарбаи мӯҳлики дигаре ба ин режими ҷинояткор ва кӯдаккуш ворид карда, ки дар баландмуддат низ кори ин режимро сахттар хоҳад кард; Чӣ ин ки эътилофи Амрико ва Ғарб барои муқобила бо ин мавзӯъ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳгушо набудааст. Ҳазинаҳои ҷанг қатъан бар зиндагии шаҳрак нишинон низ таъсир гузошта ва қарор аст молиётҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ афзоиш ёфта то ҳазинаи ҷанг ҷуброн шавад.
Режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо вуҷуди бомбаҳое, ки ба сари мардуми Ғазза рехтааст ва куштори беш аз 41 ҳазор ва 500 фаластинӣ ҳанӯз натавониста ба аҳдофи худ дар ин борика бирасад. Исроил ба изои ҳар фаластинӣ 36 кило бомб бар рӯи сари мардуми мазлуми Ғазза фурӯ рехтааст ва мизони бомбаҳое, ки ба Ғазза рехта шудааст аз бисёре аз ҷангҳо монанди ҷанги Амрико дар Афғонистон ва Хирошима бештар аст. Бо ин вуҷуд натанҳо Ҳамос дар Ғазза нобуд нашуда балки гурдонҳои ин меҳвар ҳар рӯз дар ҳоли гирифтани талафот аз артиши ҷинояткори Исроил ҳастанд.
Аз сӯи дигар изофа шудани Каронаи Бохтарӣ низ ба майдони ҷанги Фаластин мушкилоти режими Исроилро бузургтар кардааст. Бо бологирифтани ҳамалоти саҳюнистҳо ба Каронаи Бохтарӣ ва урдугоҳҳои фаластиниён “Айман Сафадӣ”, вазири хорҷаи Урдун ҳушдор дода, ки ин кишвар ҳаргуна талош барои кӯчондани фаластиниёни сокини Каронаи Бохтарӣ ба самти Урдунро ба масобаи эълони ҷанг талаққӣ мекунад.
Ҷолиб аст, ки Неаняҳу дар Ғазза натавонист дастоварде бадаст оварад ва ҳоло ба самти Каронаи Бохтарӣ ҷангро густариш дода, ки ин мавзӯъ низ бо таваҷҷуҳ ба афзоиши нуфузи Ҳамос дар ин бахш мушкилро бузургтар мекунад. Дар Каронаи Бохтарӣ 3 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки мудирияти он дар ихтиёри ташкилоти худгардон аст ва тавассути «Маҳмуд Аббос» идора мешавад, аммо бо иқдомоти саҳюнистҳо ҳоло ҷабҳаи дигаре дар ин ҳавза боз шудааст.
https://tajikpress.com/2024/09/18/